Home Portali Art & Kulturë РОМАНИ НАВИСАНДА ФАХРИДДИН ШЕҲУ «ХОНАИ ЗАНБӮР» ДАР ИМА БА ЗАБОНИ

РОМАНИ НАВИСАНДА ФАХРИДДИН ШЕҲУ «ХОНАИ ЗАНБӮР» ДАР ИМА БА ЗАБОНИ

610
0

MY SINCERE CONGRATULATIONS, DEAR BROTHER FAHREDIN SHEHU!

РОМАНИ НАВИСАНДА ФАХРИДДИН ШЕҲУ «ХОНАИ ЗАНБӮР» ДАР ИМА БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ НАШР ШУДДар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико романи «Хонаи занбӯр»-и нависандаи Косово Фахриддин Шеҳу аз чоп баромад. Намояндаи ширкати «Inner Child Press LTD» дар Ню Ҷерсӣ маълумот медиҳад, ки аз соли 2012 бо шоир ва нависанда Шеҳу ҳамкорӣ мекунад ва маҷмӯаҳои ашъори ӯро таҳти номҳои “Pleroma’s Dew», «Bonds», «Umami», «Herenow» нашр мекунанд.Ин роман ҳаштумин асари Фахриддин Шеҳу мебошад, ки онро ин нашриёт рӯи чоп меорад.Муҳаррири махсуси «Inner Child Press International LTD», профессори Донишгоҳи давлатии Пенсилвания, доктори илмҳои тиб Ҳулё Йилмаз чунин менависад:«Хонаи занбӯр» -и Фахриддин Шеҳу як романи хаёлии дорои таносуби фавқулода буда, дорои истинодҳои афсонавӣ ва ирфонӣ, инчунин унсурҳои навоварона дар соҳаи адабиёти бадеӣ мебошад. Муаллиф бо услуби адабии дар ҷаҳон эътирофшудаи худ боз як асари нодиреро дар соҳаи адабиёти бадеӣ пешкаш менамояд. Бо истифодаи моҳирона аз платформаҳои гуногуни фарҳангӣ, Фахриддин Шеҳу ба хонандагони худ тасвири васеи рӯйдодҳои таърихии бисёр минтақаҳои ҷаҳонро пешкаш намудааст. Ба хонандагон танҳо лозим аст, ки даъвати саховатмандонаи муаллифро қабул кунанд, то як қисми сафари онҳо дар ҳаёт бошанд.Номзади илмҳои филология академик Алӣ Подримжа яке аз китобҳои ӯ бо забони албанӣ навиштааст: «Китоби Фахриддин Шеҳу дарвозаҳои эҷодиёти ирфониро боз мекунад, аз ин рӯ эҷодкорон ва мутарҷимони ояндаи ин гуна матнҳо бо чизе, ки қаблан дар адабиёти албанӣ номаълум буданд, рӯбарӯ хоҳанд шуд. Матни ӯ замони Наим Фрашрӣ ва дигар эҷодкоронро ба ёд меорад, ки дар фалсафаи Шарқ тарбия ва парвариш ёфтаанд. Аз ин лиҳоз ман ҳамчун як созанда ба ин созандаҳо сари таъзим фуруд меорам, зеро онҳо дарҳои баёнро мекушоянд, ки гумон аст дигарон ин корро тавониста бошанд. «Ташаккур ба шумо, Фахриддин Шеҳу!»Дар ҳамин ҳол, шоир Ҳенч Беҷӣ дар бораи осори Фахредин Шеҳу сухан ронда, чунин хулоса мекунад:”Шеъри Шеҳу дар адабиёти муосири албанӣ як садои аслӣ, ихтирокорона ва навоварона мебошад. Ӯ шеъри суннатии моро бозсозӣ мекунад ва нишон медиҳад, ки мо дар арсаи ҷаҳонӣ қавитар мешавем».Ба забони тоҷикӣ, тарҷумаи Абдуқаҳҳори Қосим

CONGRATULATIONS:
World poets and my good brothers Abdullah Vakhsh, Uzbekistan, Meethesh Nirmohi, India and Fahredin Shehu Kosovo with the publication in the June issue of the literary newspaper “Furugi Farhang” in the Tajik language – article by Abdullah Vakhsh dedicated to the 30th anniversary of the People’s Democratic Party of Tajikistan, poem by Meethesh Nirmohi about Tajikistan and an article about the publication of the novel by the Kosovo world writer Fahredin Shehu “HONEYCOMB” in the USA
Editor-in-chief: National coordinator of the VPM, co-chairman of the literary council of the Eurasian Peoples’ Assembly, employee of the information and analytical center of the PDPT Abdukakhor Kosimov
ПОЗДРАВЛЯЕМ:
Мировых поэтов и моих добрых братьев Абдулла Вахш, Узбекистан, Мешеш нирмохи, Индия и Фахредина Шеху Косово с публикацией в июньском номере литературной газеты “Фуруги фарханг” на таджикском языке,- статья Абдулла Вахш посвящённое 30 летию Народно Демократической Партии Таджикистана, поэма Мешеша Нирмохи о Таджикистане и статья об издании романа косовского мирового писателя Фахредина Шеху “СОТЫ” в США
Главный редактор: Национальный координатор ВПМ, сопредседатель литературного совета Ассамблеи народов Евразии, сотрудник информационно-аналитического цента НДПТ Абдукаххор Косимов

ҚАДАМҲОИ ПУРМЕҲР БА САРЗАМИНИ ОБОД

Азбаски дар ноҳияи Деҳнави Ӯзбекистон ба дунё омадаам, то соли 1991 моҳе як-ду маротиба ба Душанбе мерафтам. Оғӯши Душанбеи зебову меҳрубон ҳамеша барои мо боз буд. Ҳамаи либосворию таомҳои суннатие, ки барои тӯю маракаҳо ба мо лозим мешуд, аз Тоҷикистон меовардем.
Аз сабабе ки дар донишгоҳи Ленинград таҳсил мекардам, аз фурӯдгоҳи Душанбе ба Русия парвоз мекардам ва табиист, ки ҳамин тавр ба хона бармегаштам… Пас аз ба давлатҳои соҳибистиқлол табдил шудани кишварҳои ИДМ, бо сабабҳои маълум муносибати миллатҳои тоҷику ӯзбек, ки як халқи дузабона буду ба ҳам риштаи хешу таборӣ доштанд, то андозае сард шуд.
Дар соли 2017, бо шарофати ҳамкории хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобити байни халқҳо баъд аз фосилаи 25 сол барқарор гардида, хатсайри мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тошканд-Душанбе ва Душанбе-Тошканд ба роҳ монда шуд. Ва орзуи лаҳзае хомӯшнашудаи тоҷику ӯзбек сабаб гардид, ки ҳамдигарро боз ба оғӯш кашанд, муносибатҳои дӯстию дипломатиро барқарор намоянд… Хӯш, чаро маҳз ҳоло, дар ин маврид, гоҳе меандешам?
Чанде пеш дар шаҳри Турсунзода, дар шаби эҷодии дӯсти шоирам иштирок доштам. Агар охирин сафари худро ба Душанбе, ки ба солҳои 80 -ум дуруст меояд, ба хотир биёрам, роҳҳое, ки Деҳнав (Ӯзбекистон) -ро бо шаҳри Турсунзода мепайваст, ба куллӣ тағйир ёфтаанд, бино ва хонаҳои баландошёнаи сохташудаю ҷараёндошта бинандаро ба ҳайрат меорад.
Дар сафари дурӯзаам ба Душанбе мушоҳида кардам, ки хиёбонҳои марказӣ ба куллӣ тагйир ёфта, ба ҷои хонаҳои дорои 2-4-5 ошёнаи қаблӣ биноҳои истиқоматии дорои 9-15 ошёна сохта мешаванд.
Воқеан ба бунёди бинои Китобхонаи миллӣ, ки ганҷи маънавиёти миллат аст, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир шудааст. Тавре маълум гардид, ин китобхона ба истилоҳ, шахсан таҳти раҳнамоии меъмории Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 9 ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 45 ҳазор м2, баландиаш 52 м. Дар паҳлӯи марказии бино чеҳраи 22 шахсияти намоёни таърихӣ, ки дар рушди миллати тоҷик нақши муҳим гузоштаанд, тасвир ёфтааст. Дар китобхона 25 адад толорҳои бузурги хониш, 3 толори намоишии навиштаҷотҳои қадимӣ, 9 толори калони маҷлисӣ бо доштани 1100 шумора ҷойи нишаст, инчунин нусхаҳои ноёбтарин китобҳои дунё ҷо гирифтаанд. Китобхона бо муосиртарин технологияҳои иттилоотию иртиботӣ муҷаҳҳаз буда, фарзандони миллат тайи 24 соат дар як шабонарӯз метавонанд аз китобхона ва интернети ройгон истифода баранд.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳими дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон аз давраи Иттифоқи советӣ якчанд шумора корхонаҳои саноатӣ боқӣ монда буд, ки онҳо низ аз ҷиҳати талаботи имрӯза аҳолиро қонеъ намегардонд. Бо ташаббус ва амалишавии Барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мамлакат ислоҳоти куллии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бунёди комплексҳои нави корхонаҳои истеҳсолии замонавӣ бо ҷойҳои нави корӣ оғоз гардид. Ва ҳоло бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки дар солҳои охир шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода ба марказҳои саноатии аз ҳар ҷиҳат тараққикарда табдил ёфтаанд. Ҷойҳои нави корӣ таъсис карда шуд, ки ин табиист дар навбати худ боиси мунтазам тараққӣ кардани саноати вазнин, металлургия ва дигар соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, некуаҳволии миллат боло рафт. Инро дар динамикаи тараққиёти хоҷагии халқи мамлакат низ дидан мумкин аст. Ин дар навбати худ нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии мамлакат на танҳо дар рӯи қоғаз, балки дар воқеият меафзояд.
Барои дилгир накардани хонандаи ин матлаб, натиҷаҳои иқтисодии се соли охирро таҳлил мекунем: агар дар соли 2020 ҳаҷми тавлидоти нохолиси Тоҷикистон (тибқи маълумоти паҳнкардаи Маркази давлатии омор) ба маблағи 7,3 миллиард доллар мувофиқ бошад, ин дар муқоиса бо ҳамин рақамҳои соли 2019-ум 4,5% афзудани миқёси истеҳсолотро тасдиқ мекунад.
Ба мамлакат ворид намудани технологияи ҷавобгӯ ба талаботи муосир барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва дар бозори иқтисод ракобатпазир гардидани он сабаб шуд. Муваффақияти бадастомада, дар натиҷаҳои макроиқтисодии соли 2021 намоён аст. Бояд қайд намуд, ки дар муқоиса бо соли 2020 истеҳсолоти умумии кишвар 9,2% афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,5% рушд карда, натиҷаи ниҳоӣ ба 8,7 млрд. доллари ИМА баробар шудааст.
Дар соли 2024 бошад интизор меравад, ки нишондиҳандаҳои молиявӣ боз ҳам баландтар гардад. Зеро Пешвои миллате, ки барои таъмини ободии кишвар пайваста саъй мекунад ва стратегияи пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, дар роҳи рушди кишвар бунёд ёфтааст.
Кӯшишҳое, ки дар заминаи бунёди ҷомеаи демократ, худидоракунӣ ва ҳуқуқбунёд амалӣ карда шудааст, собит месозад, ки аҳолӣ ба роҳбарияти давлат эътимод дорад. Сарвари давлат ва Пешвои миллат ба масоили мубрами замони муосир, яъне ба масъалаи тарбияи солими насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба ниёкону ғояҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, ки ин дар навбати худ дар партави Сиёсати давлатии ҷавонон, дар тамоми мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Вақте сухан дар бораи натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоӣ меравад, порае аз мақоли ӯзбекон ба хотир мерасад: “Ҳисобро гург хӯрдааст?” Яъне маблағе, ки барои ободии халқу миллат ва таълиму тарбия сарф шудааст, баъди кашф гардидани мутахассисони солиму комил баръало намоён мегардад.
Бояд зикр намуд, ки Стратегияи давлатии ҷавонон масъалаҳои ҷавонони аз 14 то 30-соларо аз гирифтани маълумоти умумӣ то гирифтани маълумоти олӣ ва фаъолият бурдан аз рӯи ихтисос то гирифтани маоши муносиб, ба таври қонунӣ танзим мекунад. Агар тақрибан бишмарем, ки ҳудуди 31 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, ин стратегияи амал як санади саривақтӣ ва ояндадор буда, ба ҳар як ҷавон барои пайдо кардани мавқеи худ дар ҷомеа имконияти муфидро пешниҳод месозад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, аз ин ҷост, ки ин ҳизб тӯли 30 сол аст, ки дар сиёсати давлат мавқеи устувор дорад. Мавриди таъкид аст, ки ин ҳизби сиёсӣ имсол 30-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунад.
Маҳз дар ин рӯзҳое, ки барномаи дар сатњи баланд баргузор намудани чунин чорабинии таърихӣ таҳия мегардад, бо итминон метавон гуфт, ки сиёсати дурандешонаи одилона ва ќарорњои хирадмандона танњо барои рушди ҷомеа хидмат мерасонад. Дар ин бобат хизматҳои бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Роҳбари муаззами онро эътироф накардан, баски рафтори бешармона аст.
Дар анҷом, халқи тоҷик, ҳизби пешоҳанги ин халқ ва Пешвои миллатро бо комёбиҳои доимиашон табрик гуфта, муҳаббатномаи худро бо сатрҳои шеърии зерин баён мекунам:

Мевазад шаббода аз кӯҳи Ҳисор,
Мекунад шабнам лаби ҳар ғунча тар.
Бо садои карнайу сурнай, аҷаб
Ҷашн дорад Тоҷикистон ин саҳар.
Бод ҳар як рӯзамон ҷашну сурур,
Ӯзбеку тоҷик аҳли якдиланд.
Аврупою Африқову Амрико,
Осиё ҳам мезанад қарсак баланд.
Ҷӯш дорад дар қадаҳ эҳсоси дил,
Ин манам, ҳамсояат, ӯзбеки ҷон.
То абад бодо парафшон бо виқор
Парчами тоҷик ба сӯйи осмон.
Фурсати бисёр не ин сол сӣ,
Андар ин муддат шукуфон шуд Ватан.
Мулки Хатлону Бадахшону Ҳисор,
Бо Душанбе шуд чу як боғу чаман.
Дастҳо бар қуллаи фатҳу зафар,
Кӯҳҳоро карда обод ин замон.
Халқро бар сӯйи некӣ мебарад
Нури Раҳмон Пешвои тоҷикон.
Мақсади ӯзбеку тоҷик воҳид аст,
Зиндагии шоду зебо, бофараҳ.
Лек бархе каждуми тарсуи шар,
Худ ба табъиду вале қасдаш сияҳ.
Пешвои миллати эъҷозкор
Менамояд чораи тӯфони сард.
З-ин ташаббус давлати ҳамсоя низ
Зиндагӣ дорад бидуни ранҷу дард.
Соли сӣ бодо муборак, дӯстон,
Бод фархунда шукӯҳу фатҳу шон!
Шуҳратат чун қуллаи Помир бод,
Тоҷикистон, тахти миллат, шавқи ҷон!

                                      Абдулло Вахш, Ӯзбекистон ,

Президенти Академияи байналмилалии адабиёт, санъат, фарҳанг ва илмҳои иҷтимоӣ, коршиноси адабии байналмилалӣ, шоир
МЕШЕШ НИРМОҲӢ-РАҶАСТАН-ҲИНДУСТОН

Мешеш Нирмоҳӣ – шоир, нависанда, тарҷумон, мунаққид, муҳаррир, файласуф ва узви Шӯрои Раёсати Иттифоқи нависандагони прогрессивии Раҷастон (Ҳиндустон). Мавсуф 30 сентябри соли 1954 таваллуд ёфтааст. Ӯ хатмкардаи дараҷаи магистри адабиёти Раҷастони Донишгоҳи Ҷодхпур ва Донишгоҳи Ҷай Нарян Вяс буда, ду медали тилоро бо дараҷаи аввал ба даст овардааст.
Мешеш Нирмоҳӣ муаллифи зиёда аз 50 китоб буда, чакидаҳои хомааш дар нашрияҳои байналмилалии кишварҳои гуногуни дунё рӯи чоп омадааст.

ТОҶИКИСТОН
Сухан гӯям зи мулки нозанине,
Табиат ҳам, бибин шореҳ бар он аст.
Сухан бо меҳр мегӯям ба васфаш,
Ғазалхон булбулони ин макон аст.
Диёри кӯҳҳои сарбаланд аст,
Макони чашмаву рӯди мусаффо.
Чи зебояст кӯлу дашту водӣ,
Шукуфта лолаҳо дар дашту саҳро.
Макони меваҳои шаккарин аст,
Макони пилаву тарбузу пахта.
Бирезад шаршара чун мӯи духтар
Ба рӯи сангҳои тахта-тахта.
Ҳама хурду калон меҳмоннавоз аст,
Кушода оғуши худ баҳри олам.
Муҳаббат суннати деринаи ӯст,
Зи хайр аз баҳри аслу насли одам.
Шуда лабрези шодӣ синаи ӯ
Зи ҳусни беназири ин куҳистон.
Бибин Наврӯз-коху Қасри миллат,
Барад Арбоб-қаср ақли ту осон.
Чї бисёр аст ин ҷо қасри фарҳанг,
Дар ин ҷо қалъаи мулки Ҳисор аст.
Бибинӣ ҳайкали Сомонияшро,
Нишони шуҳрату шони диёр аст.
Ҳазор осори таърих аст маҳфуз,
Ҳазорон дастхат, наќши ниёгон.
Кутубхона биё, бо чашми худ бин
Шукӯҳи санъати меъмори даврон!
Кушода гарм ин ҷо ҳар як оғӯш
Ба истиқболи сайёҳони кишвар.
Гулу себарга пойандоз ин ҷо,
Димоғат мешавад ҳар дам муаттар.
Чу чатре бар сари куҳҳои Помир
Равона тўдаи абри парешон.
Бирезад абр ҳам борони бисёр,
Ки гардад оби Вахши ӯ фаровон.
Сарихосору Ѓусѓарфаш хушоянд,
Навои Обшор, оби равонаш
Дарахтон саф кашида ҳамчу сарбоз,
Фаровон меваҳо дар рӯи хонаш.
Навохонон равам сӯи Қарокӯл,
Сикандаркўл гӯӣ ҷоми лабрез.
Чӣ зебо софу бегард осмонаш,
Чу оби пурҷилои поки Саррез.
Шино бинмуда заврақҳо дар ин ҷо
Ба рӯи об чун мурғони обӣ.
Парад монанди моҳӣ дил ба сина,
Шабони тирамоҳи моҳтобӣ.
Ба чашмат сабз тобад кӯҳи Помир,
Шуда дил аз фараҳ лабрези шодӣ.
Ба рӯи мавҷҳо рақсад чу барқе
Насиме, ки вазад аз сӯи водӣ.
Ба сӯи қӯллаҳои сабзи Помир
Ба чашми дигар ар наззора созӣ,
Басо эъљозҳо андар табиат,
Ки месозад ҷаҳони шавқ розӣ.
Дувоздаҳ моҳ ях карда саросар,
Равона рӯдҳо бар сӯи водӣ.
На бокею на парвои аҷал њаст,
Намегунҷӣ ба пироҳан зи шодӣ.
Чӣ бисёр аст ин ҷо селаи гург,
Зи як сӯ морхору Марко Поло,
Палангу хирсу ҳам мурғони даштӣ,
Гавазну рӯбаҳу оҳуи зебо.
Канори кӯҳ, ҳар ҷое чарогоҳ,
Чи зебо мечарад мешону говон.
Ба як сӯ буз, қутосу асп бинӣ,
Парад болои сар ҷое уқобон.
Ба шаҳр оию бинӣ ҷои бозӣ
Даруни боғҳо аз баҳри тифлон.
Биосоӣ даме дар сояи боғ,
Ки хунат муътадил гардад ба шарён.
Фаровон меваҳои шаккаринаш,
Шукуфта пахтаҳо дар пахтазорон.
Ҳаво аз бӯи гулҳояш муаттар,
Куҷое бингарӣ, гулҳо шукуфон.
Садои дилнавози рӯди кӯҳӣ
Ба гӯшат мерасад аз обшорон.
Бигўяд баҳри сайёҳони олам
Зи озодӣ сухан рӯди куҳистон.
Ба ҳосил кунҷиду пахта расида
Ба Ашту Вахшу Фархору Ҳисораш.
Сано бар заҳмати дастони деҳқон,
Сахо бар хирману анбори бораш!
Ба тан пероҳани миллӣ чӣ зебо,
Фараҳ бахшад чаканпӯш анҷуманро.
Ба монанди “Раҷасхонї”-и ҳинду
Сарояд ҳар замон васфи Ватанро.
Ба рақс ояд миёни боғи гулҳо
Ҳама раққосаҳо хандону шодон.
Расида бар фалак авҷи ”Фалак” ҳам,
Ба ёдам мерасад расми ниёгон.
Басо ганҷе бурун ояд зи хокаш,
Зи кони нуқраву тиллову арзиз.
Диёри нозанини офтобӣ,
Фузун бошад ҳаме нафту газаш низ.
Шукуфон шуд ба бахти халқу миллат
Барои мардуми боҳимматуор.
На осон омадаст ин бахту шодӣ,
Зиёда дида мардум ҷангу куштор.
Нахи абрешиму ҳам хушкмева,
Матоъи пахтагин, қолини зебо.
Фаровон меваҳои шаккаринаш
Диҳад оро ҳама бозори дунё.
Баланд андар ҷаҳон сарбанди Норак
Ба мисли нангу ори мардумонаш.
Муҳоҷир мешавад дар мулки ғайре,
Зи буҳрон то раҳонад хонадонаш.
Ба истиқлол мо ҳам ҷонфидоем,
Тамоми насли пушту мисли тоҷик.
Чу Бобоҷон Ғафур, Айнию Мирзо
Раҳо миллат намуд аз чоҳи торик.
Бидонам Нусратулло Махсумаш низ,
Шириншо Шоҳтемури замонаш.
Шуда Эмомалӣ Раҳмони оќил
Чу шамсе раҳнамои мардумонаш.
Чу Турсунзода Мирзо, шайх Саъдӣ,
Ва Мавлонову Фирдавсию Хайём.
Чу кохи бегазанде монда мерос
Барои сарбаландиҳо ба айём.
Парад болои яхњояш уқобе,
Баланд аз қуллаи Сомонӣ ҳар он.
Парафшон аст, болотар аз он аст
Суруди миллӣ, васфи Тоҷикистон:
“Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод!
Саодати ту давлати ту бегазанд бод!
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем.
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!”
Кашида то Душанбе саф зи Помир
Њама куҳи Ҳисору ҳам Зарафшон.
Ба куњњои Қаротегин баро ту,
Бибинӣ парчами тоҷик парафшон.
Муқадас ҳам нишону парчами ӯст
Барои мардуми олимақомаш.
Чу рамзи ҳастӣ, ин се ранги парчам
Парафшон ҷовидон, болои бомаш.

Ба забони тоҷикӣ тарҷумаи Ибодуллоҳи Солеҳ
Муаллифи ғоя ва муҳаррир Абдуқаҳҳори Қосим

Meethesh Nirmohi- RAJASTHAN
( INDIA ).

हिन्दी कविता

ताजिकिस्तान !

ताजिकिस्तान !
जिसकी शान में कुरबान हुई
क़सीदे पढ़ती है कुदरत !
जिसकी शान में मोहब्बत के
गीत गाती है बुलबुल ! !
वही पहाड़ों,नदियों,घाटियों,
झीलों, झरनों, फूलों वाला देश !
वही तिलहन,तरबूज,रुई, रेशम
खट्टे – मीठे फलों वाला देश ! !
जो है धर्म निरपेक्षता के लिए प्रतिबद्ध
जिसे अपनी प्रजा से है बेइन्तहा मोहब्बत
अपने धर्म – कर्म के संस्कारों को जीकर भी
समूची दुनिया को प्यार – मोहब्बत और
अमन – चैन से जीने का दे रहा है संदेश !!
अपनी बांहों में भरते
अपने भूआबद्ध पर्वतीय सौंदर्य से
जन – जन का मन हरते
“कोखी नवरूज़,” “अरबोब” जैसे
राष्ट्रीय और संस्कृति महलों,
हिसार और गिसार जैसे
प्राचीन स्मारक स्वरूप विशाल गढ-किलों,
हज़ारों प्रदर्शनियों के
नानाविध संग्रहालयों और
हजारों हजार पांडुलिपियों,साहित्यिक और
सन्दर्भ ग्रंथों वाले
फिरदौसी राष्ट्रीय पुस्तकालय के
स्थापत्य – कला – वैभव पर
अभिभूत हुए
हम सैलानियों से फिर फिर गले मिलते
गोया मन मोह गया है !
हरियाये पामीर परबतों पर
पंखेरुओं की डार सी उड़ान भरतीं
उमड़ती – घुमड़ती
बरसती मेघबालाओं से आलिंगनबद्ध
अपने ही आंगन उतरता है
सुख – समृद्धि और जीवन के आधार प्रतीकों –
‘वख्श’
‘सारी खोसोर, गुज़गरफ़ ‘ जैसे
नदी – झरनों के संग संग
कतार बद्ध पेड़ – पौधों और
फल – फूलों लदीं
वल्लरियों पर इतराता
आक्सीजन और
हरियाली के गीत गाता हुआ !
अपनी कारकुल,इस्कंदर,
सारेज, शदाऊ … जैसी जागती
झीलों के पारदर्शी नीले जल में
विश्वभर से आये नौकायन करते सैलानियों
तैरते जल पाखियों, उछलती मछलियों के
संग – संग तैरता – उछलता
अपने आप पर मुग्ध हुआ
अपने ही ज़र्रे ज़र्रे को रोशन करने !
देखते ही देखते
जल – विद्युत तरंगों में
रूपांतरित हो गया है !
पामीर पर्वतमाला के
हरे – भरे पहाड़ों में सृष्टि के श्रृंगार को निरखते
मुस्कुरा रहा है विश्व धरोहर से अलंकृत
पामीर उद्यान के जर्रे – जर्रे में !
बारहों मास जहां बरफ से ढके
अन ढके रहने वाले पहाड़ों की
नदी – झीलों वाली गहरी घाटियों में
कड़ाके की ठंड हो या सुहाती ठंडी गर्मी
मौत की आंख से अपने को बचाते और
अठखेलियां करते
भेड़ियों, हिम तेन्दुओं, मार्कोर,
मारको पोलो भेड़ों , बार हेडेड गीज,
भालुओं के जोड़ों और
पहाड़ों की तलहटी में आये –
मैदानी चारागाहों में घास चरते मेढ़ों ,
भेड़ – बकरियों के रेवड़
गायों , घोड़ों और खच्चरों ,
आकाश में उड़ते पक्षियों
शिकार की कलाबाजियों पर उतरे बाजों और
शहरी – कस्बाई
उद्यानों में दौड़ लगाते खेलते
बच्चों का सामीप्य पाकर
प्रकृति की निराली छटा में निखरे – बिखरे
जीवन का पर्याय बने
अपनी ही रगों में दौड़ता है !
फलों से लड़ालूम डालियों
खेतों में लहलहाती फसलों की बालियों
कलियों की पांखुरियों और
फूलों की खुशबू में मुस्कुराता हुआ
भौंरों की गुंजार और
नदी – झरनों के संगीत संग
अपनी आजादी का गीत गाता हुआ
बड़ी आत्मीयता से
विश्वभर से आये सैलानियों को
अपनी ख़ुशबुओं से सराबोर कर
भावविभोर करता है
फरगान, वक्श और हिसार की
पसरी घाटियों में
खेत – खलिहानों से खासकर
तिल और कपास की फसलें लेतीं
रंग- बिरंगे परिधानों में सजी – धजी
‘गरीबी’ (श्रम गीत) और
लोक उत्सवों के अवसरों पर
‘कुर्ताचकन’ (लोक गीत)गाती हुईं
‘बनी – ठनी’ ** से भी सुन्दर नूरानी सुन्दरियों
के लोक राग – रंग में मगन हुआ
फूलों लदी क्यारियों में
रूपसी नर्तकियों की सी घूमर लेतीं
लूमती – झूमती फुलवारियों और
फसलों के नृत्य पर
अपनी पुश्तैनी नस्लों की स्मृतियों में उतरा
‘पलक’ (लोक संगीत) पर थिरकता
मन ही मन मुस्कुराता
प्रीत का गीत गुनगुना रहा है !
स्वर्ण, चांदी, एल्युमिनियम की खदानों
पेट्रोलियम पदार्थों और प्राकृतिक गैस भंडारों के
प्रबंधन में जुटे हाथों को चूमता हुआ
धूप की इस भूमि में खट्टे फलों की खटास और
तरबूज की फांक का मीठास लिए
अपनी सुख – समृद्धि और
अपने आत्म – गौरव का अहसास पाले
अपने नाजुक दौर से निकलने के लिए
अभी – अभी
सूती वस्त्र, रेशमी कालीनों और
खूखे फलों के नये बाजारों की कर आया है तलाश
वो जो
नूरेक डैम की जल राशि को निहार रहा है
वर्षों से प्रवासी श्रमिकों की भूमिका में
अर्थ जुटा कर
आत्म निर्भरता के पथ पर निरन्तर
बढ़ता रहा है !
अपनी पुश्तैनी विरासत और
अपने वतन पर कुर्बान होने वाले
आजादी के दीवाने
राष्ट्र पिता
इस्मोइली सोमोनी और वोसे के
बलिदान और
बोबोदजोन गफूरोव, सद्रदीन ऐनी,
मिर्ज़ो तुर्सुनज़ादे, नुसरतुल्लो मखसुम जैसे
जन नायकों और
जिनके रहते गृहयुद्ध से मुक्ति मिली
ताजिकों की राष्ट्रीय एकता के जनक
राष्ट्र के महानायक इमोमोली रहमोन के
बिड़द बखानता * हुआ !
मिर्जो तुर्सुनज़ोडा, सादी, फ़िरदौसी,
उमर खय्याम, मावल्यानो जलोलुद्दीन रूमी जैसे
शाइरों – साहित्यकारों की
कालजयी रचनाओं
सांस्कृतिक और साहित्यिक संस्कारों को
पीढ़ी दर पीढ़ी हस्तांतरित करता हुआ
अपनी आजादी का जश्न मनाता आ रहा है !
‘दुशांबे’ की राष्ट्रीय परेड में
बैंड बाजों की धुनों पर सजा संवरा
पश्चिम और पूर्वी ग्लेशियरों के तन – मन को पिघलाता हुआ
साम्यवाद के शिखर – इस्मोइल सोमोनी,
अबू अली इब्न सिनी से
पूर्व क्रांति के स्वतंत्रता शिखर और
मास्को पीक तक गूंज रहा है राष्ट्र गान :
“दियोरी अर्जमंडी मो,
बा बक्ती मो साड़ी अज़ीज़ी तू बालंद बोड़,
सौदती तू, दावती तू बेगाज़ंद बोड़।
ज़ी दुरियि ज़मोनाहो रसीदायम,
बा ज़ेरी परचामी तू सफ़ काशीदायम, काशीदायम।
जिंदा बोश, ऐ वतन,
तोजिकिस्तोनी ओजोदी मन “
(गुलनाज़र केल्डिक)
(“मेरी मातृभूमि दीर्घायु हो,
मेरा आज़ाद ताजिकिस्तान !”)
कि दुशांबे शिखर और पामीर पर्वत श्रृंखला के
फैन पर्वतों की गिसार ,ज़ेरवशान और कराटेगिन चोटियों पर
लहराता फहर फहर फहराता रहे
यह झंडा तुम्हारा !
कि जो है दिलो-जान से प्यारा

सदा ऊंचा रहे यह तिरंगा तुम्हारा ! !

  • प्रशस्ति गान ।
    ** राजस्थान (भारत) की मोनालिसा।
    राजस्थान के किशनगढ़ की विश्व प्रसिद्ध चित्रशैली ।

– मीठेश निर्मोही

MEETHESH NIRMOHI
UMMED CHOWK, JODHPUR – 342001
RAJASTHAN
( INDIA ).
РОМАНИ НАВИСАНДА ФАХРИДДИН ШЕҲУ «ХОНАИ ЗАНБӮР» ДАР ИМА БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ НАШР ШУД

     Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико романи «Хонаи занбӯр»-и нависандаи Косово Фахриддин Шеҳу аз чоп баромад. Намояндаи ширкати «Inner Child Press LTD» дар Ню Ҷерсӣ маълумот медиҳад, ки аз соли 2012 бо шоир ва нависанда Шеҳу ҳамкорӣ мекунад ва  маҷмӯаҳои ашъори ӯро таҳти номҳои “Pleroma's Dew», «Bonds», «Umami», «Herenow» нашр мекунанд. 
    Ин роман ҳаштумин асари Фахриддин Шеҳу мебошад, ки онро ин нашриёт рӯи чоп меорад. 

Муҳаррири махсуси «Inner Child Press International LTD», профессори Донишгоҳи давлатии Пенсилвания, доктори илмҳои тиб Ҳулё Йилмаз чунин менависад:
«Хонаи занбӯр» -и Фахриддин Шеҳу як романи хаёлии дорои таносуби фавқулода буда, дорои истинодҳои афсонавӣ ва ирфонӣ, инчунин унсурҳои навоварона дар соҳаи адабиёти бадеӣ мебошад. Муаллиф бо услуби адабии дар ҷаҳон эътирофшудаи худ боз як асари нодиреро дар соҳаи адабиёти бадеӣ пешкаш менамояд. Бо истифодаи моҳирона аз платформаҳои гуногуни фарҳангӣ, Фахриддин Шеҳу ба хонандагони худ тасвири васеи рӯйдодҳои таърихии бисёр минтақаҳои ҷаҳонро пешкаш намудааст. Ба хонандагон танҳо лозим аст, ки даъвати саховатмандонаи муаллифро қабул кунанд, то як қисми сафари онҳо дар ҳаёт бошанд.
Номзади илмҳои филология академик Алӣ Подримжа яке аз китобҳои ӯ бо забони албанӣ навиштааст: «Китоби Фахриддин Шеҳу дарвозаҳои эҷодиёти ирфониро боз мекунад, аз ин рӯ эҷодкорон ва мутарҷимони ояндаи ин гуна матнҳо бо чизе, ки қаблан дар адабиёти албанӣ номаълум буданд, рӯбарӯ хоҳанд шуд. Матни ӯ замони Наим Фрашрӣ ва дигар эҷодкоронро ба ёд меорад, ки дар фалсафаи Шарқ тарбия ва парвариш ёфтаанд. Аз ин лиҳоз ман ҳамчун як созанда ба ин созандаҳо сари таъзим фуруд меорам, зеро онҳо дарҳои баёнро мекушоянд, ки гумон аст дигарон ин корро тавониста бошанд. «Ташаккур ба шумо, Фахриддин Шеҳу!»
Дар ҳамин ҳол, шоир Ҳенч Беҷӣ дар бораи осори Фахредин Шеҳу сухан ронда, чунин хулоса мекунад:
“Шеъри Шеҳу дар адабиёти муосири албанӣ як садои аслӣ, ихтирокорона ва навоварона мебошад. Ӯ шеъри суннатии моро бозсозӣ мекунад ва нишон медиҳад, ки мо дар арсаи ҷаҳонӣ қавитар мешавем».

Ба забони тоҷикӣ, тарҷумаи Абдуқаҳҳори Қосим

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here